Боздошти як зан ба иттиҳоми қатли ҳамсараш дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45177-Боздошти_як_зан_ба_иттиҳоми_қатли_ҳамсараш_дар_Тоҷикистон
Полиси Тоҷикистон як занро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2019 15:36 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як зан ба иттиҳоми қатли ҳамсараш дар Тоҷикистон

Полиси Тоҷикистон як занро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кард.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, мақомоти полиси ноҳияи Девштич як зан аз аҳли ҷамоати Ғазантараки ин ноҳияро ба иттиҳоми қатли ҳамсараш боздошт кардаанд.

Ин зани 23 сола муттаҳам аст, ки дар пайи низоъи хонаводагӣ ва бадгумон шудан ба ҳамсари 27 солааш, ӯро шабона дар хоб бо корд ба қатл расондааст.

Номи ин зан дар расонаҳо мунташир нашудааст.

Парвандаи ҷиноӣ дар ин замина ташкил шудааст ва таҳқиқот идома дорад.