Туркия дуввумин сармоягузори хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон
Сафири Туркия дар Тоҷикистон гуфт: Сармоягузориҳои мустақими хориҷии ин кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон 200 миллион доллар будааст.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, Али Рифат Киёксал, сафири Туркия дар Душанбе дар ҷамъи расонаҳои Тоҷикистон гуфт: Дар феҳристи сармоягузорони мустақими хориҷӣ дар иқтисоди Тоҷикистон, Анкара баъд аз Пекин дар рутбаи дуввум қарор дорад.
Вай бо ишора ба 200 миллион доллар сармоягузории мустақим дар иқтисоди Тоҷикистон афзуд: Ин маблағҳо барои иҷрои тарҳҳои мухталиф, аз ҷумла сохти корхонаи тавлиди нӯшобаи Coca-Cola, ранг, мебел ва монтажи автобусҳои мусофирбарӣ истифода шудааст.
Ба гуфтаи сафири Туркия дар Тоҷикистон, 90 ширкати туркии фаъол дар ин кишвар 50 тарҳро дар арсаҳои мухталиф иҷро мекунанд.
Вай гуфт: Қарордодҳои кории иҷрошуда дар Тоҷикистон 600 миллион доллар арзиш дорад.