Пешниҳоди Эрон ба Тоҷикистон дар мавриди истифода аз бандари Чобаҳор
(last modified Thu, 18 Jul 2019 04:42:05 GMT )
Июл 18, 2019 09:42 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди Эрон ба Тоҷикистон дар мавриди истифода аз бандари Чобаҳор

Эрон ба Тоҷикистон дар мавриди истифода аз бандари Чобаҳор дар ҷануби ин кишвар пешниҳоди тозае додааст.

Ба нақл аз Авесто, ин хабарро рӯзи гузашта Шералӣ Ганҷализода муовини вазири роҳ ва нақлиёти Тоҷикистон ба хабарнигорон эълом кард ва афзуд пешниҳоди Эрон албатта барои тамоми кишварҳое, ки ба обҳои озод дастёбии мустақим надоранд матраҳ аст.

Ба гуфтаи ин мақоми баландпояи ҳукумати Тоҷикистон, Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод додааст, ки бахше аз бандари Чобаҳорро иҷора кунад.

Шералӣ Ганҷализода муътақид аст бандари Чобаҳор ба уқиёнуси Ҳинд роҳ дорад ва аз ояндаи хубе бархурдор аст.

Пеш аз ин расонаҳои Эрон иттилоъ дода буданд баҳси истифода аз бандари Чобаҳор дар дидор ва гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳасани Руҳонӣ раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе матраҳ шуда буд.

Дар ин дидор Ҳасани Руҳонӣ гуфта буд бандари Чобаҳор метавонад яке аз муносибтарин ва амнтарин масирҳо барои интиқоли колоҳои Тоҷикистон ба обҳои озод бошад. Ҳамчунин мушаххас аст, ки истифода аз ин бандар муҷиби коҳиши ҳазинаҳо дар содироти коло аз Тоҷикистон хоҳад шуд.

Дар поёни соли 2016 низ Нарандра Мудӣ нахуствазири Ҳинд гуфта буд, ин кишвар ҳамроҳ бо Тоҷикистон тасмим ба густариши ҳамлу нақл ва тиҷорат аз тариқи бандари Чобаҳори Эрон доранд.