Июл 18, 2019 19:15 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти 4 ангишткан аз зери овор дар шимоли Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти теъдоде аз маъданчиёни гирифтор дар маъдани ангиштсанги вилояти Суғди ин кишвар хабар дод.

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни як амалиёти фаврӣ дар шаҳри Исфара, чаҳор кӯҳканро, аз чуқурии 270 метр беосеб берун овардаанд.

Ба навиштаи сомонаи Спутник, бино ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, дар пайи як садама, рӯзи 17-уми июл қубури обрасони кони № 8 мутаалиқ ба Ҷамъияти “Ангишт” и Исфара канда шуда, ба чоҳе сарозер шуда, дар ин ҳангом роҳи берун баромадани чор кӯҳканро, ки дар чуқурии 270 метр ба истихроҷи ангишт машғул буданд, бастааст.

Дар зимн амали фаврии панҷ корманди наҷотдиҳандаи кӯҳии КҲФ Хуҷанд боис шудааст, ки кӯҳканҳо аз умқи 270 метр бе талафоти ҷонӣ берун оварда шудаанд. Ин амалиёти фаврии кормандони КҲФ дар шаҳри Исфара, таҳти роҳбарии А. Эшонбобоев, муҳандиси минтақавии роҳандозии корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва И. Маликов, фармондеҳи взоводи наҷоти кӯҳӣ сурат гирифтааст.

Дар пайи рухдоди садама дар кони “Ангишт” дар шаҳри Исфара масъулини КҲФ сафарбар шуданд ва маълум кардаанд, ки сабаби банд мондани чор кӯҳкан аз сарозер шудани қубуре будааст, ки ба кони № 8 оби гарм интиқол медод.

 

Барчасп