Июл 19, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Ваъдаи Сеул барои ироаи имтиёзи вижа ба муҳоҷирони кории тоҷик

Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷирони кории Тоҷикистон барои кор ва фаъолият дар ин кишвар имтиёзи вижа медиҳад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳайъати парлумонии Кореяи Ҷанубӣ ба раёсати Ким Ти Сонг дар дидор бо Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон  итминон дод, Сеул ба унвони истисно ба муҳоҷирони тоҷик имтиёз медиҳад ва дар ояндаи наздик миёни ду кишвар дар заминаи муҳоҷирати корӣ тавофуқномаи муртабит ба имзо хоҳад расид.

Дар ин дидор ду тараф ҳамчунин дурнамои ҳамкорӣ миёни  ду кишвар дар арсаҳои гардишгарӣ, иқтисод, энергетика ва тандурустиро баррасӣ карданд.

 

Барчасп