Июл 19, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Азми Тоҷикистон барои ҷазби сармоягузорони хориҷӣ

Раиси Утоқи бозаргонӣ ва саноати Тоҷикистон эҷоди шароити беҳтар барои сармоягузорони хориҷиро дар ин кишвар хостор шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонӣ ва  саноати Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ пешниҳод кард, ки барои ҷазби бештари сармоягузорони хориҷӣ дар ин кишвар шароити мусоидтаре эҷод шавад.

Вай бо таваҷҷҷӯҳ ба низоми молиётӣ дар ин кишвар гуфт: Барои рақобат бо кишварҳои ҳамсоя дар заминаи ҷазби сармоя, ниёз аст сармоягузорон шароити беҳтаре дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои минтақа дошта бошанд.

Бино ба бовари коршиносон сангин будани молиёт дар Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳои ҳамсоя, яке аз мавонеи ҷазби сармоя дар ин кишвар аст.

Тибқи омори Агентии омори Тоҷикистон, соли гузаштаи мелодӣ дар ин кишвар 644, 5 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ анҷом шуда, ки беш аз 328 миллион доллари онро сармоягузориҳои мустақим ташкил медиҳад.

Илова бар ин, ҳаҷми воридоти сармояи мустақим ба Тоҷикистон дар муқоиса бо як соли қабл ба мизони  27, 7 миллион доллар коҳиш ёфтааст.

Барчасп