Идомаи раванди гарон шудани гӯшт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45256-Идомаи_раванди_гарон_шудани_гӯшт_дар_Тоҷикистон
Хушксолиҳои чанд соли ахир дар Тоҷикистон ва дар натиҷа коҳиши мазореъ барои чарои домҳо боис шудааст то қимати гӯшт дар бозорҳои ин кишвар рӯз ба рӯз гаронтар шавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 19, 2019 16:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи раванди гарон шудани гӯшт дар Тоҷикистон

Хушксолиҳои чанд соли ахир дар Тоҷикистон ва дар натиҷа коҳиши мазореъ барои чарои домҳо боис шудааст то қимати гӯшт дар бозорҳои ин кишвар рӯз ба рӯз гаронтар шавад.

Ба нақл аз  ИРНА, Ҳамакнун ҳар кило гӯшт бо қимати 50 сомонӣ дар бозорҳои Тоҷикистон арза мешавад.

Нархи гӯшт дар Тоҷикистон, ки дар пайи афзоиши тақозо дар моҳи мубораки рамазон боло рафта буд, пас аз итмоми ин моҳи муборак низ гарон шуд ва дар ҳоле, ки давлат нархи онро ҳамакнун 45 сомонӣ эълом кардааст, аммо гӯшт дар бозорҳои ин кишвар то беш аз 52 сомонӣ низ арза мешавад.

Мушоҳидоти расонаҳои маҳаллӣ ҳокӣ аст тақрибан ҳеҷ фурӯшгоҳе гӯштро бо нархи эъломшуда намефурӯшад.

Бархе фасли тобистон ва камбуди дом ва бархе дигар нобудии чарогоҳ дар асари хушксолӣ ва камобиро аз далоили аслии коҳиши дом ва афзоиши нархи гӯшт медонанд.