Июл 20, 2019 21:00 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти афроди гирифтор дар обхезии ноҳияи Масчоҳи Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз оғози амалиёти наҷоти 100 нафар аз сокинони деҳаи Пакшиф, ки бар асари туғёни рӯдхонаи Ғориф ва тахриби пули иртиботӣ дар ноҳияи кӯҳистони Масчоҳ дар об гирифтор шудаанд, хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “СА-нюс”, дар пайи афзоиши гармои ҳаво ва туғёни рӯдхонаи Ғориф, дар марзи миёни ноҳияҳои кӯҳистони Масчоҳ ва Рашт ва тахриби пули иртиботӣ миёни ин ду минтақа, 100 нафар аз сокинони рустои Пакшиф ва беш аз 15 ҳазор чорво дар об гирифтор шудаанд, ки амалиёти нерӯҳои Кумитат ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон барои наҷоти онон оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, ки барои барқарории дубораи иртибот миёни ноҳияҳои кӯҳистони Масчоҳ ва Рашт интиқоли таҷҳизот ба манзури сохти пул ва наҷоти афроди гирифтор дар ин ҳодиса идома дорад.

Ба гузориши идораи ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари вуруди амвоҷи ҷадиди ҳавои гарм аз Туркманистон ва Узбакистон ба ин кишвар дар рӯзҳои оянда, ҳарорати ҳаво дар манотиқи шимол ва маркази ин ҷумҳурӣ ба 43 то 46 дараҷа болои сифр хоҳад расид, ки мӯҷиби об шудани яхдонҳо ва туғёни рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ мешавад.

Аз ин рӯ, эҳтимоли боло омадани оби рӯдхонаҳои кӯҳистони Зарафшон, Вахш ва Панҷ ва тахриби роҳҳои иртиботӣ дар ин манотиқ вуҷуд дорад.

 

 

Барчасп