Июл 21, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
  • Ихтилофи омори гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон

Баҳс бар сари теъдоди гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон миёни Созмони давлатии омор ва Кумитаи рушди гардишгарӣ нишон медиҳад, ки шумори воқеъии вуруди гардишгарони хориҷӣ ба маротиби камтар аз арқом эълом шудааст.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷ-Вик, каблан Кумитаи давлатии гардишгарии Тоҷикистон эълом карда буд, ки нимаи нахусти имсол 604 ҳазору 200 нафар аз гардишгарони хориҷӣ ба ин кишвар сафар кардаанд.

Аммо бино бар эъломи Созмони давлатии омори Тоҷикистон, 524 ҳазору 800 нафар аз ин ашхос мақсади сафар ба ин кишварро умури шахсӣ эълом кардаанд.

Аз ин ру ба гуфтаи мақомоти Созмони давлатии омори Тоҷикистон фақат 23 ҳазору 700 нафар аз ашхосе, ки дар нимаи нахусти имсол ба ин кишвар ворид шудаанд ҳадафи худро гардишгарӣ унвон кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки Нуъмон Абдулғаффорзода раиси Кумитаи давлатии рушди гардишгарии Тоҷикистон бо ироаи гузорише ба маҷлиси намояндагони ин кишвар дар моҳи апрел таъкид карда буд, ки дар се моҳи нахусти имсол 215 ҳазору гардишгари хориҷӣ вориди ин кишвар шудааст.

Ба гуфтаи вай ҳамакнун дар Тоҷикистон 133 ширкати хадамоти гардишгарӣ, 168 ҳотел аз ҷумла 5 меҳмонсарои панҷ ситора, 14 меҳмонсарои чаҳор ситора, 24 меҳмонсарои се ситора ва теъдоде меҳмонпазир ба гардишгарони хориҷӣ хадамот медиҳанд.

Барчасп