Июл 22, 2019 17:42 Asia/Dushanbe
  • Сафари нахустин гурӯҳ аз зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ

Нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ сафар карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Ти нюс”, Кумитаи умури динии Тоҷикистон аз сафари нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ хабар дод.

Маросими эъзоми нахустин гурӯҳи зоирони тоҷик дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва бо ҳузури раёсати Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон, сафири Саудӣ дар ин кишвар ва бастагони ҳоҷиён баргузор шуд.

Интизор меравад, ки аз Тоҷикистон аз тариқи парвозҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” тайи 10 рӯз ба Ҷадда сафар мекунанд.

Бинобар омори Кумитаи умури дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон дар соли ҷории мелодӣ монанди солҳои гузашта ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди ин кишвар барои анҷоми маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.

Қимати сафар ба ҳаҷ дар соли 2019 –и мелодӣ 35 ҳазору 138 сомонӣ (ҳудуди 3726 доллар) аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта, ки 33.4 ҳазор сомонӣ буд, афзоиш ёфтааст.

Тағйири қимати сафар ба ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро мақомоти зирабти ин кишвар бо афзоиши нархи доллар дар бозори ҷаҳонӣ марбут медонанд.

 

Барчасп