Июл 22, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 18 дарсадии тавлиди ангиштсанг дар Тоҷикистон

Тавлиди ангиштсанги Тоҷикистон дар нимаи нахусти 2019 афзоиши 18 дарсадӣ доштааст.

Ба гузориши “Форс”, ба нақл аз Вазорати саноат ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, дар ин муддат тавассути 10 ширкати мухталиф дар 8 кони Тоҷикистон беш аз 715 ҳазор тон ангиштсанг ба арзиши 11.7 миллион доллар тавлид шудааст.

Ин шохис дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузаштаи мелодӣ 111 тон ё 18.3 дарсад бештар аст. Ҳудуди 63 дарсад аз ҳаҷми куллии ангиштсанги тавлидшуда марбут ба ширкатҳои давлатӣ аст. Ҳаҷми фурӯши ангиштсанг бо таваҷҷуҳ ба ҳаҷми боқимондаи ин навъи маҳсул тайи моҳҳои январ то июни соли ҷорӣ 717.4 ҳазор тон аст, ки 59 дарсад аз он марбут ба нерӯгоҳи ҳароратии шаҳри Душанбе, 34 дарсад ширкатҳои саноатӣ, 5.5 дарсад масрафи рӯзонаи мардум, 0.5 дарсад созмонҳои давлатӣ ва як дарсад ба хориҷ содир шудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тайи ин давра ниёзи нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе -2” 133.7 ҳазор тон афзоиш ёфтааст.

Содироти ангиштсанг ба хориҷ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта 63.5 дарсад коҳиш доштааст. Ҳаҷми содироти ангиштсанг аз аввали соли ҷории мелодӣ то моҳи июн ба Покистон 7.79 ҳазор тон ва Узбакистон 78 тон будааст.

 

Барчасп