Июл 23, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Қатли як шаҳрванди тоҷик ба дасти қирғизҳо дар марзи миёни ду кишвар

Як шаҳрванди тоҷик тавассути қирғизҳо дар марзи миёни ду кишвар ба қатл расид.

Ба нақл аз манобеи расмии тоҷикӣ, бар асари даргирии дирӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар хатти марзи муштарак, як тоҷик кушта шуд ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Ин даргирӣ зуҳри дирӯз ба дунболи беэҳтиромии қирғизҳо ба парчами миллии Тоҷикистон дар минтақаи Ворух рух дод, ки дар идома бар асари истифодаи шаҳрвандони Қирғизистон аз силоҳ ва санг Ҷалол Қароев шаҳрванди 52 солаи Тоҷикистон кушта ва 10 нафари дигар захмӣ шуданд.

Ин низоъ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳоле ба вуқуъ пайваста, ки қарор аст ба зудӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Қирғизистон дар марзи миёни ду кишвар мулоқот ва мушкилоти ин марзро баррасӣ кунанд.

Неруи марзбонии Тоҷикистон эълом кард, ҳодисаи дирӯз дар марзи миёни ду кишвар баёнгари адами тамоюли бархе маҳофили манфиатдори қирғизӣ барои эҷоди сулҳу субот дар минтақа аст.

Барчасп