Муомилоти тиҷории Тоҷикистон бо 100 кишвари ҷаҳон таи шаш моҳи имсол
Тоҷикистон бо 100 кишвари ҷаҳон таи шаш моҳи соли равон муомилоти тиҷорӣ дошт.
Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард, ки ин ҷумҳурӣ таи шаш моҳи имсол бо 100 кишвари ҷаҳон ба маблағи 2 миллиарду 136 миллион доллар муомилоти тиҷорӣ доштааст.
Ҳаҷми умумии муомилоти тиҷории ин ҷумҳурӣ таи шаш моҳи имсол ба маблағи 2 миллиарду 136 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш наздик ба 78 миллион доллар бештар мебошад.
Таи ин муддат ба Тоҷикистон 1 миллиарду 566 миллион доллар коло ворид шуда ва аз ин кишвар ба хориҷ 576 миллион доллар маҳсулот содир гардидааст, ки наздик ба 1 миллиард доллар ба нафъи воридот мебошад. Таи 6 моҳи имсол Русия бо 493 миллион доллар ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон муҳимтарин шарики ин кишвар боқӣ мондааст. Қазоқистон бо 426 миллион доллар дар радаи дуввум ва Чин бо 290 миллион доллар дар мақоми севвум қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин Туркия бо 191 миллион доллар ва Узбакистон бо 167 миллион доллар дар радаи баъдии шарикони тиҷории Тоҷикистон таи 6 моҳи соли равон воқеъ шудаанд.