Намоиши маҷмӯаи телевизионии “Хушрикоб” дар кишвари Тоҷикистон
Шабакаи “IFilm” маҷмӯаи телевизионии “Хушрикоб”- ро дар кишварҳои форсизабони ҳамсояе ҳамчун Афғонистон ва Тоҷикистон намоиш медиҳад.
Ба гузориши “ПОНО”, шабакаи “IFilm” маҷмӯаи телевизионии “Хушрикоб”-ро дар кишварҳои форсизабони ҳамсояе ҳамчун Афғонистон ва Тоҷикистон намоиш медиҳад.
Маҷмӯаи телевизионии “Хушрикоб” аз ҷумъаи 4 –уми мурдод аз “IFilm -2” пахш мешавад. Сериёли комедии “Хушрикоб” ба коргардонии Алишоҳ Ҳотамӣ, маҳсули соли 1381 –и ҳиҷрии шамсӣ аст ва барои аввалин бор дар Наврӯзи 1382 пахш шуд. Дар хулосаи достони он омадааст: Тақӣ мошини борбар дорад, ки барои имрори маош бо он кор мекунад ва Иззат ба унвони шогирди ронанда, ҳамроҳи ӯст. Тақӣ, ки ошиқи комюни худ аст, номи “Хушрикоб” ро рӯйи он гузошта ва бо васвоси бисёр аз он муроқибат мекунад. Ҳама чиз ба ҳамин минвол мегузарад то ин ки ба Тақӣ дастур мерасад, ки маҳмулаеро ба ҷабҳаҳои ҷанг интиқол диҳад.
Сериёли “Хушрикоб” ҳар рӯз соати 20:00 меҳмони хонаҳои бинандагони “Ifilm-2” аст. Бозпахши он низ дар соатҳои 02:00, 08:00 ва 14:00 –и рӯзи баъд хоҳад буд.