Коҳиши теъдоди довталабони Ҳаҷ дар Тоҷикитсон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45395-Коҳиши_теъдоди_довталабони_Ҳаҷ_дар_Тоҷикитсон
Раиси Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикитсон аз коҳиши теъдоди зоирони тоҷик барои рафтан ба Арабистони саудӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 25, 2019 09:54 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши теъдоди довталабони Ҳаҷ дар Тоҷикитсон

Раиси Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикитсон аз коҳиши теъдоди зоирони тоҷик барои рафтан ба Арабистони саудӣ хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Азия-Плюз, Сулаймон Давлатзода таи нишасти хабарии масъулони ин кумита дар шаҳри Душанбе гуфтааст, саҳмияи соли равон сафари зоирони тоҷик ба Байтуллоҳил Ҳаром, ки давлати Арабистони саудӣ ихтисос дода буд, такмил нашудааст.

Вай таъкид кардааст иллати умдаи коҳиши теъдоди довталабон рафтан ба Ҳаҷ дар Тоҷикистон, вазъи ногувори маишатии мардум аст, ки тавони пардохти ҳазинаҳои зиёрати хонаи Худоро надоранд.

Ба гуфтаи Давлатзода теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои эъзом шудан ба Арабистон дар мавсуми Ҳаҷ сабит ном мекунанд, аммо наметавонанд манобеи молии ин сафарро фароҳам созанд. Солҳои пеш дар вилояти Суғд ашхоси довталаби рафтан ба Арабистони саудӣ дар маросими Ҳаҷ барои чанд соли оянда дар навбат мемонданд ҳол он ки солҳои ахир дар ин минтақа низ теъдоди довталабони Ҳаҷ коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикитсон теъдоди ашхоси эъзомшуда ба Арабистон дар мавсуми Ҳаҷ дар поёни бозгашти ин ашхос аз сарзамини ваҳй эълом хоҳад шуд.

Бинобар омори Кумитаи давлатии умури динӣ, танзими ҷашну маросими Тоҷикитсон дар солҳои гузашта ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди ин кишвар барои анҷоми маносик Ҳаҷ ба Арабистони саудӣ сафар мекарданд.

Нархи сафар ба Ҳаҷ дар соли 2019 35 ҳазору 138 сомонӣ (ҳудуди 3726) аст, ки дар муқоиса бо соли гузашта, ки 33.4 ҳазор сомонӣ буд афзоиш ёфтааст.

Мақомоти дахлдори ин кишвар афзоиши нархи сафар ба Ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро бо афзоиши нархи доллар дар бозори ҷаҳонӣ марбут медонанд.