Июл 26, 2019 17:07 Asia/Dushanbe
  • Дидори раисони ҷумуҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии миёни ду кишвар

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии миёни ду кишвар дидор карданд.

 Ба нақл аз Коннюз пеш аз зуҳри имрӯз Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар шаҳри Исфараи Тоҷикистон қарор аст даври севвуми музокироти онҳо дар минтақаи  Чолпон- Отаи Қирғизистон сурат гирад.

Мавзуи аслии ин дидор ва гуфтугӯҳо ҳалу фасли мушкили деринаи марзи муштараки миёни ду кишвар аст.

Охирин маврид аз ин гуна муноқишаҳо ҳам рӯзи 22 июл рӯз дод,ки як сокини 52 солаи Ворӯх бо номи Ҷалол Қараев бо асобати гулулаи шилик шуда аз сӯи қирғизҳо кушта ва даҳҳо нафар аз ду тараф захмӣ шуданд.

Раиси нерӯи марзбонии вобаста ба кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иллати ин муноқишаро талоши гурӯҳҳои зинафъ дар Қирғизистон барои муташаниҷ кардани авзои марзи муштарак дар Остона дидори раисони ҷумҳурии ду кишвар арзёбӣ кард.

Дар паи ду даҳаи музокираҳо мақомоти ду кишвар бар сари ҳали ихтилофҳои марзӣ танҳо 504 километр  аз марзи 976 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст.

Барчасп