Марги 22 нафар бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон
(last modified Fri, 26 Jul 2019 12:21:15 GMT )
Июл 26, 2019 17:21 Asia/Dushanbe
  • Марги 22 нафар бар асари ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Дар 6 моҳи соли 2019 22, нафар ба иллати ҳодисаҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони худро аз доданд.

Ба гузориши садои Хуросон, ин хабарро рӯзи гузашта Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон эълом кард.

Салимзода дар нишасти хабарӣ гуфт; дар маҷмуъ таи мудддати ёдшуда 624 ҳодисаҳо ва балоёи табиӣ дар Тоҷикистон рух дода,ки 2 нафар аз боди шадид, ва як нафар ҳам бар асари соиқа ҷон бохтанд.

Ҳамчунин дар устони  худмухтори кӯҳистони Бадахшон галлаи гургҳо ба сокини як маҳал ҳамла карда ва 2 нафарро куштанд. Дар паи ин ҳодиса 2 нафар ҳам захмӣ шуданд.

Тоҷикистон яке аз ҳодисахезтарин кишварҳои минтақа аз лиҳози ҳодисаҳо ва балоёи табиӣ аст.

Барчасп