Таъкид бар парвариши мева ва хушкбори Тоҷикистон бо таъми аврупоӣ
(last modified 2019-07-29T06:32:50+00:00 )
Июл 29, 2019 11:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар парвариши мева ва хушкбори Тоҷикистон бо таъми аврупоӣ

Коршиноси умури тиҷорат бар ин бовар аст,ки мева ва хушкбори тоҷикистон метавонад дар бозорҳои Аврупо муштарӣ пайдо кунад.

Ба нақл аз хабаргузории Риа Новости, Парвиз Камолиддинов мегуяд,ки мева ва хушкбори марғуби тоҷикистон метавонад дар бозорҳои аврупоӣ муштарӣ дошта бошад ва ин мавзу бастаги ба мутобиқати ин маҳсулот бо стандартҳои Аврупо дорад.

Вай таъкид  мекунад,ки бозорҳои аврупоӣ тақозо барои меваҳои фаслӣ ва хушкбори зиёд аст ва Тоҷикистон бояд роҳҳои содироти маҳсулоти худ ба ин қораро ёбад.

Ин коршиноси тиҷорӣ афзуд; Узбакистон акнун мавиз ва кишмиши худро ба роҳатӣ дар бозорҳои аврупоӣ ба фруш мерасонад ва агар Тоҷикистон ҳам бихоҳад ба ин бозорҳо дастрасӣ дошта бошад, дар марҳалаи нахуст бояд гувоҳиномаи эминии мева ва хушкбор мавсум ба  Global Gap ро ба даст оварад.

Гувоҳиномаи Глубол Гап саломати мароҳили парвариши мева аз кошт то бардоштро тазмин мекунад ва барои аврупоиҳо аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Ҳам акнун бархе аз ширкатҳои хусусии Тоҷикистон ба таври озмоишӣ мева ва хушкбори ин кишварро ба бозорҳои аврупоӣ мунтақил мекунанд.

Барчасп