Июл 29, 2019 11:55 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон 80 зиндонии афғонро ба хона фиристод

Давлати Тоҷикистон,80 афғонро ба масулони афғонистонӣ таҳвил дод.

Ба нақл аз ИРНА, Саидмаъсум Бадахшӣ сафири Афғонистон дар Тоҷикистон эълом кард; давлати ин кишвар 80 зиндонии афғонро,ки ба иттиҳоми қочоқи маводи мухадир ва убури ғайри қонунӣ аз марз, солҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон ба сар мебурданд, рӯзи якшанбе барои идомаи даврони маҳкумияташон ба Афғонистон мунтақил кард.

Саидмаъсум Бадахшӣ афзуд; ҳануз шуморе аз атбоъи Афғонистон дар зиндонҳои тоҷикистонҳузур доранд. пештар зиндониёни афғон дар Тоҷикистон аз шароити номуносиби зиндонҳо дар ин кишвар шикоят карда буданд.

Ба гуфтаи мақомоти Афғонистон, соли2016 ду зиндонии афғон ба далели шароити номуносиби зиндон дар Тоҷикистон ҷон бохтанд,ки яке аз онҳо дар ҳамон кишвар ба хок супорда ва ҷасади дигаре да давлати Афғонистон таҳвил шуд.

Тоҷикистон бо беш аз 1300 километр марзи  муштарак бо Афғонистон яке аз роҳҳои аслии қочоқи маводи мухадир аз ин кишвар ба Русия ва дигар кишварҳо маҳсуб мешавад ва ҳар сол пулиси Тоҷикистон гузоришҳое аз боздошти қочоқчиёни маводи мухадири афғон дар марз бо ин кишвар мунташир мекунад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд.

Барчасп