Июл 30, 2019 09:12 Asia/Dushanbe
  • Ниёз ба як миллиард доллар сармоя барои таъмини оби нушокии мардуми Тоҷикистон

Мудири Созмони хадамоти шаҳрии Тоҷикистон эълом кард барои таъмини оби нушокии беҳдоштии мардуми ин кишвар ниёз ба 1 миллиард доллар сармоя вуҷуд дорад.

Ба нақл аз сомонаи Азия-Плюз, Ҷамшед Табарзода таи нишасти хабарии масъулони ин созмон дар шаҳри Душанбе гуфтааст, аз соли 2008 то кунун мизони дастрасии мардуми Тоҷикистон ба оби нушокии беҳдоштӣ аз 43 дарсад ба 62 дарсад расидааст.

Ба гуфтаи вай марҳилаи нахусти барномаи давлатии таъмини оби нушокии беҳдоштии мардуми Тоҷикистон, ки аз соли 2008 бо кумаки молии ниҳодҳои молии байналмиллалӣ ва ба вижа Бонки ҷаҳонӣ оғоз шуда буд, соли 2020 ба поён мерасад. Аз ин ру дар соли 2020 барномаи нави таъмини оби нушокии беҳдоштии мардуми Тоҷикистон бо кумаки ниҳодҳои молии байналмиллалӣ оғоз хоҳад шуд.

Ба гуфтаи мудири Созмони хадамоти шаҳрии Тоҷикистон мизони таъмини оби нушокии беҳдоштии мардум дар минтақаҳои рустоии ин кишвар 38 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳамчунон барои обрасонӣ ба минтақаҳои мухталифи ин кишвар дар ҳоли ҳозир 20 таъсисоти зербиноӣ дар дасти сохт қарор дорад.