Июл 30, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори мудофеони ҳуқуқи башари Тоҷикистон бо Зайд Саидов

Гуруҳе аз мудофеони ҳуқуқи башари Тоҷикистон, ки узви Созмони ғайридавлатии муқобила бо шиканҷа ҳастанд пас аз шаш сол муваффақ шуданд бо Зайд Саидов фаоли бахши хусусӣ ва раиси Ҳизби сабти номи нашудаи "Тоҷикистони нав" дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар атрофи Душанбе мулоқот кунанд.

Ба нақл аз сомонаи Созмони ғайридавлатии муқобила бо шиканҷа, дар ин мулоқот, ки Умед Бобозода масъули ҳуқуқи башар дар ҳукумати Тоҷикистон низ ширкат дошт Зайд Саидов гуфтааст, ки вазъи ҷисмонияш хуб аст ва танҳо аз мушкили дарди меъда ранҷ мебарад.

Вай таъкид кард, аз шароити зиндон шикоят надорад ва бори охир бо аъзои хонаводааш қабл аз шуриш дар зиндони минтақаи Роҳатӣ дар рӯзи 20 моҳи майи соли равон мулоқот кардааст.

Зайд Саидов фаоли бахши хусусӣ ва вазири пешини саноати Тоҷикистон дар солҳои 1999 то 2006 аст, ки пас аз поён ёфтани масъулият дар вазоратхонаҳо, ба сохти марказҳои тиҷории зиёде дар шаҳри Душанбе иқдом кард.

Вай пас аз он ки дар соли 2013 ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав"-ро таъсис кард боздошт ва ба иттиҳоми ихтилоси молӣ ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2018 Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони  Миллали Муттаҳид натиҷаҳои таҳқиқоташро дар бораи парвандаи Зайд Саидов зиндонии сиёсии тоҷик мунташир кард. Ин кумита аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карда буд Зайд Саидовро аз ҳабс озод ва ба вай ба хотири ҳабси ғайриқонунӣ хасорат пардохт кунад, аммо ин дархост нодида гирифта шуд.