Июл 30, 2019 09:55 Asia/Dushanbe
  • Тасарруфи як минтақаи наздики марз бо Тоҷикистон тавассути Толибон

Гуруҳи ифротии Толибон як минтақа дар наздики марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба тассаруфи худ даровард.

Ба нақл аз сомонаи интернетии Станрада, бадин тартиб бо тасарруфи минтақаи Курон ва Мавҷон дар вилояти Бадахшон аз сӯи Толибон, ки ҳаммарз бо Тоҷикистон аст майдони даргириҳои шимоли Афғонистон миёни нерӯҳои давлатии ин кишвар ва гуруҳҳои ифротӣ бо Тоҷикистон наздик шудааст. Ин амр дар солҳои гузашта чандин бор такрор шуда ва муҷиби нигаронии мардум ва мақомоти Тоҷикистон шуда буд.

Гуфта мешавад бо тасарруфи Курон ва Мавҷон ҳамакнун 65 минтақаи Афғонистон ба таври комил ва 192 минтақа қисман дар зери султаи Толибон қарор дорад.

Тақвияти ҳузури Толибон дар минтақаҳои мухталифи Афғонистон аз ҷумла наздикии марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон дар ҳолест, ки Амрико ва бархе дигар аз кишварҳои ғарбӣ дар соли 2001 маҳз ба баҳонаи нобудии Толибон ба Афғонистон лашкаркашӣ карда буд.

Барчасп