Июл 30, 2019 11:34 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди як диишии тоҷик аз Афғонистон ба Тоҷикистон

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шаҳрванди ин кишварро, ки дар Афғонистон ба гуруҳи террористии ДИИШ пайвастааст, ба зодгоҳаш шаҳри Кулоб бозгардониданд.

Ба гузориши Садои Хуросон, ин хабарро Ҷонбоев падари Шодиҷони 19 сола дар суҳбат бо расонаҳои тоҷикӣ таъкид кард ва гуфт, ҳамакнун писараш дар боздоштгоҳи шаҳри Кулоб нигаҳдорӣ мешавад.

Шодиҷон Боев ба падараш гуфт, ки аз Русия тариқи Туркия ба Афғонистон рафта ва дар вилояти Нангарҳори ин кишвар ба сафҳои ДИИШ пайвастааст.

Гуфта мешавад ин тоҷики узви ДИИШ соли 2016 пас аз итмоми мактаби миёна барои кор ба Русия рафта ва дар онҷо ба доми таблиғгарони гуруҳи террористии ДИИШ афтодааст ва бо ҳидояти онҳо роҳии Афғонистон шудааст.

Ӯ дар идома аз дасти аъзои ДИИШ фирор мекунад ва ба дасти нерӯҳои Толибон асир мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд ҳудуди 2000 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар таи солҳои 2014 то 2018 ба сафҳои гуруҳҳои террористӣ ва ифротии ДИИШ пайваста ва ба кишварҳои Ироқ, Сурия ва Афғонистон рафтаанд, ки аз ин теъдод 500 нафар кушта шудаанд.

Барчасп