200 зоири тоҷик бо саҳмияи Русия ба ҳаҷ мераванд
Муовини раиси Идораи умури мусулмонони Русия гуфт, ки 200 зоири тоҷики муқими Русия бо саҳмияи ин кишвар дар маросими ҳаҷҷи имсол ба Арабистон мераванд.
Ба нақл аз хабаргузории русии РИА Новости, Рашан Аббосов таъкид кардааст, ки имсол аз Русия 25 ҳазор нафар барои зиёрати Байтуллоҳулҳаром ба Арабистон мераванд, ки 200 нафари ин афрод тоҷиканд.
Бо тасмими ҳукумати Русия ва мувофиқати Арабистон, аз соли ҷорӣ заминаи афзоиши саҳмияи зоирон барои анҷоми маносики ҳаҷ аз ҳисоби коргарони муҳоҷири мусулмони хориҷӣ фароҳам шуд, ки тоҷикони муқими Русия низ аз ин имкон истифода хоҳанд кард.
Ба гуфтаи Аббосов дар солҳои оянда саҳмияи зоирони хонаи Худо барои коргарони муҳоҷири мусулмони муқими Русия, аз ҷумла тоҷикон афзоиш хоҳад ёфт.