Тавофуқномаи стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон тасвиб шуд
(last modified Wed, 21 Sep 2016 13:31:09 GMT )
Сентябр 21, 2016 18:31 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқномаи стратегии Қазоқистон ва Тоҷикистон тасвиб шуд

Тавофуқномаи ҳамкориҳои стратегии Остона ва Душанбе ба тасвиби маҷлиси Қазоқистон расид.

Намояндагони порлумони Қазоқистон дар нишасти имрӯзи худ, тавофуқномаи ҳамкории стратегӣ байни Остона ва Душанберо ба тасвиб расонданд.

Мухтор Тлеуберди  – сарпарасти Вазорати умури хориҷаи Қазоқистон дар нишасти маҷлиси ин кишвар изҳор дошт: Тоҷикистон кишвари бародар ва яке аз шарикони аслии сиёсӣ ва стратегии мо дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад ва равобит бо ин кишвар яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Остона аст.

Вай идома дод: Тайи солҳои истиқлол, ҳамкориҳои дуҷонибаи Қазоқистон ва Тоҷикистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ тақвият ёфтааст.

Бинобар эъломи расонаҳои Қазоқистон, ин санад 15 сентябри соли гузашта зимни сафари расмии Нурсултон Назарбоев - раиси ҷумҳурии ин кишвар ба Душанбе ба имзо расида буд. Парлумони Тоҷикистон низ ин тавофуқномаро дар авоили декабри соли ҷорӣ ба тасвиб расонда буд.

Тоҷикистон чунин тавофуқоте дар мавриди ҳамкориҳои стратегиро танҳо бо Русия (соли 2004) ва Чин (соли 2013) ба имзо расондааст.

Бар асоси ин гузориш, дар арсаи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон пас аз Русия ва Чин дар мақоми севум қарор дорад.

Ҳаҷми мубодилоти тиҷории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ, ҳудуди 405 миллион долларро ташкил додааст.