Афзунии таътилии марокизи тавлидӣ бар таъсиси корхонаҳои нав дар Тоҷикистон
(last modified Wed, 31 Jul 2019 07:31:00 GMT )
Июл 31, 2019 12:31 Asia/Dushanbe
  • Афзунии таътилии марокизи тавлидӣ бар таъсиси корхонаҳои нав дар Тоҷикистон

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи нахусти имсол дар ин кишвар 146 корхона ва коргоҳи ҷадид ифтитоҳ шуда ва 181 маркази тавлидӣ таътил шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Азия Плюс, Заробиддин Файзуллозода дар нишасти хабарии масъулони ин вазоратхона дар Душанбе гуфтааст, ки дар ин муддат дар 146 корхона ва коргоҳи ҷадид 1800 нафари машғул ба фаъолият шудаанд, аммо аз кор афтодани 181 корхона ва коргоҳ мӯҷиби бекор шудани наздик ба 200 нафар шудааст.

Вай иллати умда аз кор афтодани ин марокизи тавлидиро камбуди маводи хом, фарсудагии таҷҳизот, рақобатпазир набудани маҳсулот, набудани бозорҳои муносиби фурӯш ва тағйири корбарии корхонаҳо ва коргоҳҳо донист.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон афзуд: Теъдоде аз корхонаҳо бидуни дар назар гирифтани бозорҳои хориҷӣ ва дохилии фурӯши маҳсулот сохта шудаанд, ки ин мавзӯъ сабаб мешавад, ки гоҳо колои тавлидшуда рӯи дасти корхонадор мемонад ва корхонаро ба варшикастагӣ мекашонад.