Афзоиши 14 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҳаҷми нақдинагӣ дар гардиши молии Тоҷикистон
(last modified Thu, 01 Aug 2019 04:19:49 GMT )
Август 01, 2019 09:19 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 14 миллиарду 100 миллион сомонӣ ҳаҷми нақдинагӣ дар гардиши молии Тоҷикистон

Ҳаҷми нақдинагӣ дар гардиши молии Тоҷикистон имсол 14 миллиарду 100 миллион сомонӣ афзоиш ёфт.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷик-Та, Бонки миллии Тоҷикистон ҳаҷми пули нақди дар гардиш дар ин кишварро бар асоси натоиҷи шаш моҳи нахусти соли равон эълом кард.

Фақат дар шаш моҳи нахусти соли равон Бонки миллии Тоҷикистон 2 миллиарду 300 сомониро вориди муомилони молии нақдӣ дар бозори ин кишвар кардааст.

Ҳадаф аз ин иқдом таъмини ниёзи бозори дохилии ин кишвар ба пули нақд унвон мешавад.

Ҳамчунин дар ин муддат 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ пули нақд ба далели куҳна шудани пулҳои нақд аз гардиши муомилоти молӣ хориҷ шудааст.

Дар Тоҷикистон ба далели буҳрон дар бонкҳои ин кишвар ва беэътимодии мардум ба ин ниҳодҳои молӣ аксари ашхос ҳифзи пули нақд дар хонаро нисбат ба супоридан дар бонкҳо тарҷиҳ медиҳанд.

Акнун дар Тоҷикистон пулҳои коғазии 1, 3, 5, 10, 20, 50, 100 ва 500 сомонӣ вуҷуд дорад. Аз сӯи дигар тангаҳои 1, 2, 3, 10 ва 20 дирамӣ дар бозори муомилоти ин кишвар дар гардиш вуҷуд дорад.