Август 02, 2019 19:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури ҳудуди 600 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндону урдӯгоҳҳои Ироқу Сурия

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон аз нигаҳдории наздик ба 600 шаҳрванди ин кишвар дар зиндону урдӯгоҳҳои Ироқу Сурия хабар дод.

Ба гузориши “Тоҷик” ТА, Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорон дар Душанбе гуфтааст, ки дар зиндонҳои Ироқ 43 зану як кӯдак ва дар урдӯгоҳҳои Сурия 86 зану 468 кӯдаки тоҷикистонӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Муҳриддин афзуд, Ҳукумати Тоҷикистон бозгардондани ин афрод аз ин ду кишвари арабӣ ба Ватаншонро дар авлавияти барномаҳои Вазорати умури хориҷӣ қарор додааст.  Ӯ гуфт, аз он ҷо, ки Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ сафорат надорад, сафирони Душанбе дар кишварҳои арабии ҳамсоя бо ин ду кишвар мавзӯи бозгардондани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватанашонро пайгирӣ мекунанд.

30-юми апрели имсол бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Кувейт 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба кишварашон бозгардонда шуданд, ки модарони онон ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои террористӣ дар зиндонҳои ин кишвар давраи маҳкумияти худро мегузаронанд.

 

Барчасп