Август 02, 2019 20:18 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи сармоягузор барои “Роғун”

Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки ин кишвар барои такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба дунболи пайдо кардани сармоягузор аст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, Файзиддин Қаҳҳорзода гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ин манзур комиссияи вижаи таъсис кардааст, ки ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад. Қаҳҳорзода мегӯяд, ки барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар шаш моҳи нахусти имсол аз ҳисоби буҷаи давлат як миллиарду 800 миллион сомонӣ (муодили 190 милион доллар) ҳазина шудааст. Ба гуфтаи вай, дар маҷмӯъ имсол 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ аз буҷаи давлати Тоҷикистон ба ин тарҳ ихтисос хоҳад ёфт.

Чанде қабл Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфта буд, ки ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар идомаи раванди такмили сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” сармоягузорӣ нахоҳанд кард. Ба гуфтаи Нуралиев, сиёсати ниҳодҳои молии байналмилалӣ бо тарҳи сохти нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳамхонӣ надорад ва дар шароити феълӣ интизори мушорикати молии бонкҳо ва сандуқҳои байналмилалӣ дар ин тарҳи бузурги энержии Тоҷикистон баид ба назар мерасад.

Трубинаи нахусти нерӯгоҳ барқи обии “Роғун” дар рӯзи 16-уми ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид. Мақомоти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кардаанд, ки турбинаи дувуми ин нерӯгоҳи моҳи сентябр ба баҳрабардорӣ хоҳад расид.

 

Барчасп