Август 03, 2019 09:53 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон қаҳрамони мусобиқоти футболи зери 16 соли  CАFA

Тими миллии навҷавонони Тоҷикистон бо пирӯзии 1 бар 0 бар тими миллии Афғонистон қаҳрамони мусобиқаҳои CAFA шуд.

Дар ин рақобатҳо тимҳои миллии Тоҷикистон ,Эрон, Афғонистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳузур доштанд. Тоҷикистон дар ин мусобиқаҳо бо касби 4 пирӯзи ва 1 мусовӣ ( 13 имтиёз ) дар ҷойгоҳи  қаҳрамонӣ қарор гирифт ва тими миллии Эрон бо 3 пирӯзӣ ва 2 шикаст (1 имтиёз ) ҷойгоҳи 3 ро ба худ ихтисос дод.

Тимҳои футболи навҷавонони Афғонистон (7 имтиёз ), Туркманистон ( 3 имтиёз ) ва Қирғизистон (1 имтиёз ) тимҳои чорум, панҷум ва шашуми ин мусобиқаҳо шуданд.

Ҷоизаҳои ин мусобиқаҳо тавассути Рӯстами Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе ва раёсати иттиҳодияи футболи Осиёи Марказии  CAFA  тақдим шуд.  Мусобиқаҳои қаҳрамонии футболи зери 16 соли  CAFA аз 26 и июл дар шаҳри Душанбе ва Ҳисор и Тоҷикистон баргузор шуд.

Барчасп