Август 03, 2019 19:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории амниятӣ - меҳвари ройзании мақомоти Тоҷикистон ва Амрико

Дар дидори муовини вазири дохилии Тоҷикистон бо намояндагони Конгресси Амрико бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ байни ду кишвар таъкид шуд.

Ба гузориши “Форс”, генерал Абдуллоҳ Навҷавонов, муовини вазири дохилии Тоҷикистон дар дидор бо теъдоде аз намояндагони Конгресси Амрико дар хусуси тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ ва ироаи кумакҳои фаннӣ дар ин ҳавза гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор намояндагони Конгресси Амрико Томас Гоффус, Мария Макнамара, Марк Морҳаус, Эрик Трагер ва аз тарафи тоҷикҳо Хуршед Муҳаммадзода, раиси Ситоди ҳамоҳангии нерӯҳои вижа ва Мансур Бухоризода, сарпарасти ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати дохилӣ ширкат карданд.

Мақомоти Вазорати дохилии Тоҷикистон ва намояндагони Конгресси Амрико ҳамчунин перомуни натоиҷи иҷрои барномаҳои ҳамкорӣ ва асарбахшии онҳо дар таъмини амният ва мубориза бо ҷароими табодули назар карданд.

Амрико аз ҷумлаи кишварҳои фаъол дар арсаи ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон буда ва дар солҳои ахир барои ниҳодҳои марбутаи ин кишвар даҳҳо миллион доллар кумакҳои фаннӣ ва таҷҳизотӣ ироа кардааст.

 

Барчасп