Ёздаҳуми август дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон аст
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45632-Ёздаҳуми_август_дар_Тоҷикистон_иди_саиди_Қурбон_аст
Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси тасмими Шурои уламои исломии ин кишвар рӯзи 11 августро иди саиди Қурбон эълом кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 04, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
  • Ёздаҳуми август дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон аст

Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси тасмими Шурои уламои исломии ин кишвар рӯзи 11 августро иди саиди Қурбон эълом кард.

Ба нақл аз сомонаи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз нишасти Шурои уламои исломии ин кишвар эълом кард рӯзи 11 август  иди саиди Қурбон аст.

Бар асоси эъломи ин шуро намози иди саиди Қурбон дар тамомии масоҷиди Тоҷикистон соати 6 ва 30 дақиқаи субҳи рӯзи 11 август иқома хоҳад шуд.

Аз имомони масоҷиди Тоҷикистон хоста шудааст, ки дар суханрониҳояшон дар намози иди саиди Қурбон мардумро ба кумак ба ниёзмандон ва афроди фақири ҷомеа фаро хонанд.

Рӯзҳои иди саиди Фитр ва Қурбон дар Тоҷикистон таътилии расмӣ аст.