Ёздаҳуми август дар Тоҷикистон иди саиди Қурбон аст
Август 04, 2019 09:24 Asia/Dushanbe
Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон бар асоси тасмими Шурои уламои исломии ин кишвар рӯзи 11 августро иди саиди Қурбон эълом кард.
Ба нақл аз сомонаи Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз нишасти Шурои уламои исломии ин кишвар эълом кард рӯзи 11 август иди саиди Қурбон аст.
Бар асоси эъломи ин шуро намози иди саиди Қурбон дар тамомии масоҷиди Тоҷикистон соати 6 ва 30 дақиқаи субҳи рӯзи 11 август иқома хоҳад шуд.
Аз имомони масоҷиди Тоҷикистон хоста шудааст, ки дар суханрониҳояшон дар намози иди саиди Қурбон мардумро ба кумак ба ниёзмандон ва афроди фақири ҷомеа фаро хонанд.
Рӯзҳои иди саиди Фитр ва Қурбон дар Тоҷикистон таътилии расмӣ аст.
Барчасп