Коҳиши 80 миллион сомонӣ даромади будҷети ҳукумати Тоҷикистон
Муовини аввали Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон аз коҳиши 80 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз даромади ҳукумат дар нимаи нахусти имсол хабар дод.
Ба нақл аз сомонаи Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон, Аюбҷон Солеҳзода дар нишатси хабарии масъулони ин ниҳод гуфтааст ин коҳиши даромад натиҷаи уфти даромади ширкатҳои хадамоти телефони ҳамроҳ будааст.
Вай афзуд, ба ҳамин далел бахши даромадии будҷети ҳукумати Тоҷикистон дар шаш моҳи нахусти имсол 98/6 дарсад иҷроӣ шудаатс.
Ин мақоми Кумитаи давлатии андози Тоҷикистон ҳамчунин аз воризи 240 миллион сомонӣ ба будҷети ҳукумати ин кишвар дар ин муддат хабар дод, ки аз маҳалли ҷаримаи фирорҳои андозӣ таъмин шудааст.
Солеҳзода афзуд, дар ин шаш моҳ 12 ҳазору 790 мавриди нақзи қонуни андоз дар Тоҷикистон шиносоӣ ва аз ҷаримаи ашхоси мутахаллиф 64 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ба будҷети ҳукумат пардохт шудааст.