Ҷои холии тавлиди лавозими хонагӣ дар саноати Тоҷикистон
Коршиноси иқтисодии тоҷик мегуяд, ҳукумати Тоҷикистон бояд имконоти матлубро барои фаолияти бахши хусусӣ дар сохти корхонаҳои тавлиди лавозими хонагӣ дар ин кишвар фароҳам кунад.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба тасмими Вазорати саноат ва технологиҳои навини Тоҷикистон дар заминаи ифтитоҳи нахустин корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ ин иқдомро ба мавқеъ хонд ва афзуд, шумори зиёде аз фаолони бахши хусусӣ тамоюл доранд дар сохти корхонаҳои тавлиди лавозими хонагӣ мушорикат кунанд ва давлат бояд ин заминаро фароҳам кунад.
Ин иқтисоддони тоҷик бо баёни ин ки бахши умдаи лавозими хонагии Тоҷикистон аз хориҷ ворид мешавад гуфт, тавлиди ин колоҳо дар дохили Тоҷикистон афзун бар таъмини ниёзи дохилӣ барои мардум эҷоди шуғл мекунад.
Умаров гуфт, бо ин ҳол дар Тоҷикистон шароити мушориктаи бахши хусусӣ дар роҳандозии ин гуна корхонаҳо матлуб нест ва фаолони зиёде бо интиқоли сармояҳои худ ба Узбакистон ва Қирғизистон дар ин ду кишвари ҳамсоя ба сохти корхонаҳои кучак машғул мешаванд.
Вай бо таъкид бар зарурати таваҷҷуҳ ба нарх ва сифати тавлиди лавозими хонагӣ афзуд, барои сохти корхонаҳои тавлиди лавозими хонагӣ дар Тоҷикистон метавон аз сармоя ва таҷрибаи кишварҳое ҳамчун Русия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ баҳра гирифт.