Бозгашти Тоҷик Эйр ба новгони ҳавоии Тоҷикистон
(last modified Mon, 05 Aug 2019 05:06:46 GMT )
Август 05, 2019 10:06 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти Тоҷик Эйр ба новгони ҳавоии Тоҷикистон

Ҳавопаймои ширкати Тоҷик Эйр пас аз 7 моҳ нахустин парвози худро дар соли 2019 бо интиқоли зоирони тоҷик аз фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд ба Ҷиддаи Арабистон анҷом дод.

Ба нақл аз хабаргузории ТОҷ Вик, парвозҳои ширкати Тоҷик Эйр аз охирҳои соли 2018 замоне,ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дастури бозррасии молии фаъолияти ин ширкатро содир кард, мутавақиф шуда буд.

Ҳамзамон парвандаи ин ширкати тоҷикистонӣ дар додгоҳҳои Русия ва ҷумҳурии Литвонӣ  ба далели пардохт накардани қарзаш дар ҳоли баррасӣ аст.

Дар чорчуби ин парвандаҳо ширкати Искойруд Лизинг и Ҷумҳурии Литвонӣ аз додгоҳ хостааст,ки барои дарёфти 20 миллион доллар талаби худ аз ширкати Тоҷик Эйр кумак кунад.

Ширкати ҳавопаймоии кишвари Русия низ аз додгоҳи Маскав хостааст,ки мавзуи дарёфти талаби 55 ҳазор доллариаш аз ширкати Тоҷик Эйр ро баррасӣ кунад.

Гуфта мешавад,ки ширкати Тоҷик Эйр дорои 31 ҳавопаймо ва 3 болгард аст,ки аз ин теъдод танҳо як ҳавопаймои Боинг 767 и ин ширкат метавонад парвоз кунад ва бақия ғайри қобили истифода шудааст.

Дилшод Исматуллозода мудири нави Тоҷик Эйр, арзиши ҳавопаймоҳои куҳнаи ин ширкатро чор миллион доллар эълом кард ва гуфт бо сармоягузорони хориҷӣ барои хариди ҳавопаймоҳои нав ва аз саргирии парвозҳо вориди музокира шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2018 ба Ожонси давлатии мубориза  бо фасод дастур дод,ки мавзуи харидории як фарванди ҳавопаймои Буинг 767ро ба қимати гаронтар аз арзиши воқеъиӣ он  ва низ санадсозиҳои муртабит бо муомиларо бозррасӣ кунад.