Суқути ҳавопаймои омӯзишӣ дар Тоҷикистон
Август 05, 2019 14:00 Asia/Dushanbe
Суқути як фарванди ҳавопаймои омӯзишии Вазорати дифои Тоҷикистон як кушта ва як захмӣ бар ҷо гузошт.
Ба нақл аз сомонаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳавопаймо ҳангоми фурӯд дар минтақаи Фахробод дар маркази ин кишвар суқут кард.
Дар ин ҳодиса,Илҳом Раҳматови 62 сола халабони ин ҳавопаймо ҷони худро аз даст дод ва Бахтиёр Давлатов кумак халабони 20 сола захмӣ шуд.
Гуфта мешавад ин ҳавопаймо ҳамчунин ҳомили 8 чатри боз буд дар паи париши чатрбозон ва ба ҳангоми фурӯд дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.
Ҳануз иллати ин ҳодиса эълом нашуда ва Кумитаи давлатии амнияти милли Тоҷикистон таҳқиқ дар бораи ин ҳодисаро оғоз кардааст.