Размоиши низомии Тоҷикистон ва Чин дар Бадахшон
(last modified Mon, 05 Aug 2019 09:21:30 GMT )
Август 05, 2019 14:21 Asia/Dushanbe
  • Размоиши низомии Тоҷикистон ва Чин дар Бадахшон

Размоиши низомии Тоҷикистон ва Чин аз фардо ба муддати 3 рӯз дар Бадахшон баргузор мешавад.

Ба навиштаи нашрияи русии Независимая газета, ҳадаф аз ин размоиш пайгард ва нобудии мутаҷовизони фарзӣ аз Афғонистон ба қаламрави Тоҷикистон аст.

 Ба навиштаи ин нашрияи русӣ,ба муносибати баргузории ин размоиши низомии муштарак, Чин дар минтақаи Ишкошими Тоҷикистон,ки ҳам марз бо Афғонистон аст,посгоҳи марзбонӣ таъсис кардааст.

Ин хабар дар миёни бадахшониҳо ба вижа мардуми шаҳри Хоруғ,нигарониҳоеро аз ҳадафҳои баландмудати Чин дар минтақа эҷод кардааст.

Коршиносони маҳалӣ яке аз иллатҳои густариши нуфузи низомии Чин дар Бадахшонро истиқрори гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ дар наздикии марзҳои Афғонистон ва Тоҷикистон донистааст.