Июл 21, 2016 11:59 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даъво миёни бонкҳо ва қарздорон дар Тоҷикистон

Раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз афзоиши даъвои молӣ миёни бонкҳо ва қарздорон дар ин кишвар дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, хабар дод.

Ба гузориши сойти Top Tj, ба гуфтаи Наим Мансурзода дар шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ, 232 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл, афзоиши қобили мулоҳизаеро нишон медиҳад.

Вай таъкид кард, аксари ин даъвоҳо ба пардохт нашудани ба мавқеи қарз ва вомҳои дарёфтии шаҳрвандон ба бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътибории Тоҷикистон бармегардад, ки мӯҷиби шикояти ин марокиз мешавад, аз ин рӯ, тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ бар асоси ҳукми Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, маблағи беш аз як миллиард сомонӣ ба бонкҳо ва муассисоти молӣ ва эътиборӣ бозпардохт шудааст. Мансурзода иллати афзоиши ин маворидро поин омадан қудрати молии бонкҳо ва шаҳрвандони дарёфткунандаи вомҳо медонад, ки барои бозпардохти қарзҳои худ бо мушкил ба фурӯш нарафтани амвол ва дороӣ рӯбарӯ шудаанд, чунон чӣ ахиран эълом шудааст, ки Бонки сармоягузории кишоварзии Тоҷикистон эҳтимолан варшикаста хоҳад шуд, ки мӯҷиби нигаронии шадиди саҳҳомдорон шудааст.

Пеш аз ин, чунин иттифоқе дар Бонки Содироти Тоҷикистон рух дода буд.

Аммо иқтисоддонони тоҷик иллати ин мушкилро тулонӣ шудани буҳрони молӣ дар Тоҷикистон дар пайи коҳиш даромади молии ирсолии коргарони ин кишвар аз Русия, коҳиши арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ ва кам шудани тавони молии мардум медонанд, ки наметавонанд вомҳои худро ба бонкҳо ба мавқеъ пардохт кунанд.

Ба назари коршиносони иқтисодӣ, агар пеш аз ин бонкҳо ба мутақозиёни дарёфти вом то сақфи 3 ҳазор доллар, ироаи гувоҳиномаи молӣ аз маҳалли кори ин афрод кофӣ медонистанд, акнун ихтисоси ин маблағро машрӯт ба гаравгузоштани манозили маскунӣ ва ё худрави шахсии онон медонанд.

Барчасп