Дифоъи дастаҷамъии теъдоде аз вакилони тоҷик аз як ҳамкори ситамдида аз мақомот
(last modified Thu, 08 Aug 2019 11:40:03 GMT )
Август 08, 2019 16:40 Asia/Dushanbe
  • Дифоъи дастаҷамъии теъдоде аз вакилони тоҷик аз як ҳамкори ситамдида аз мақомот

Гурӯҳе аз вакилони Тоҷикистон бо ҳадафи дифоъ аз як ҳамкори худ муддаъӣ ҳастанд ӯ тавассути мақомот шиканҷа шудааст.

Ба нақл аз расонаҳои Тоҷикистон,теъдоди 15 нафар аз вакилони мавриди назар,мегуянд ҳамкори онҳо Абдулазиз Абдураҳмонзода дар моҳи апрели имсол мавриди фишор ва шиканҷаи кормандони Ожонси муборизаи зидди фасод қарор гирифтааст.

Ин кормандон аз Абдураҳмонов хостаанд,ки дар тарҳи иттиҳоми сохтагӣ бар зидди як корманди додгоҳи шаҳристони Варзоб бо онҳо ҳамкорӣ кунад, аммо бо таваҷуҳ ба сарпечии ин вакил аз ин амр, мавриди иттиҳом ва зарбу шатми кормандони ёдшудаи Ожонси муборизаи зидди фасод қарор мегирад.

Ожонси мубориза бар зидди фасоди Тоҷикистон ҳануз ин иддаъои вакилони тоҷикро дар мавриди сарнавишти Абдулазиз Абдураҳмонов радд ё таъйид наракрдааст.

Дар ҳамин ҳол Иттилофи созмонҳои иҷтимоии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон низ ҳимояти худро аз мавзеи Иттиҳодияи вакилони тоҷик дар дифоъ аз Абдулазиз Абдураҳмонзода эълом кардааст.