Август 09, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Саронаи тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон 3 ҳазору 399 сомонӣ  

Тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон (маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ) ба 31 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили се миллиарду 300 миллион доллар) расидааст.

Ба гузориши сомонаи “Авесто”, бар ин асос саронаи ҳар тоҷикистонӣ (саҳми ҳар шаҳрванд аз тавлиди нохолиси миллӣ) 360 доллар аст.

Теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон бар асоси омори ироашуда аз сӯи Ожонси давлатии омори ин кишвар, тайи шаш моҳи нахусти имсол ба 9 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст, ки мизони саронаи саҳми ҳар шаҳрванд аз тавлиди нохолиси миллӣ 3 ҳазору 399 сомониро ташкил мекунад.

Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон имсол бояд ба 78 миллиарду 200 миллион сомонӣ (муодили 8 миллиарду 200 миллион доллар) бирасад, ки дар сурати иҷрои ин шохис, дар муқоиса бо соли 2018 ба мизони 10 миллиард сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Дар ин сурат тавлиди нохолиси миллӣ дар ҳудуди 900 доллар бар сари аҳолӣ дар сол баробар мешавад.   

Ин дар ҳоле аст, ки тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2017 ба 17 миллиарду 93 миллион сомонӣ расида буд.

Аз сӯи дигар, қарзи хориҷии Тоҷикистон дар чаҳор моҳи нахусти соли 2019 ба 2 миллиарду 900 миллион доллар расида аст, ки саҳми ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аз ин мизон қарз 307 доллар аст.

Гуфта мешавад, ки як миллиарду 200 миллион доллар аз маҷмӯи қарзҳои хориҷии Тоҷикистон мутааллиқ ба Бонки содирот ва воридоти Чин аст.

 

Барчасп