Август 10, 2019 09:01 Asia/Dushanbe
  • 10 соли зиндон барои аз худ кардани маблағҳои нерӯгоҳи Роғун

Додгоҳе дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд як фаъоли бахши хусусии ин минтақаро ба иттиҳоми аз худ кардани маблағҳои нерӯгоҳ дар дасти сохти барқӣ обии Роғун ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, Қосим Яҳёев мудири ширкати хусусии Фаровон беш аз 600 ҳазор сомонӣ аз будчаи нерӯгоҳи Роғунро ба баҳонаи хариди сими ҷушкорӣ аз худ кардааст,ки ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.

Карим Иброҳимзода раиси идораи мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд гуфтааст,ки  мудири ширкати хусусии Фаровон бар асоси қарордод бояд ба маблағи 1 миллион ва 725 ҳазор сомонӣ сими ҷушккории зидди зангро барои нерӯгоҳи барқи обии Роғун харидорӣ мекард аммо вай ба ҷои хариди 13 ҳазор ва 400 килло аз ин навъи сими ҷушкорӣ бо ворид кардани  маҳаги 1 ҳазор ва 220 килло ин навъи сим, бақияи маблағро аз худ кардааст,ки беш аз 600 ҳазор сомонӣ мебошад.

Қосим Яҳёев дар музоидаи хариди ин навъи сими ҷушкории мавриди ниёз барои идомаи сохти нерӯгоҳи барқи обии Роғун баранда шуда буд,ки иқдом ба азхудкунии маблағ аз будҷаи ин нерӯгоҳ кардааст.

Барчасп