Август 11, 2019 09:23 Asia/Dushanbe
  • Хуруҷи 33 ҳазор гегтар замини кишоварзии Тоҷикистон аз чархаи баҳрабардорӣ

Раиси Кумитаи давлатии мудирияти замини Тоҷикистон аз ғайриқобили истифода шудани 33 ҳазор гегтар замини кишоварзӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Тоҷик-Вик, Ориф Хоҷазода гуфтааст, ки ҳамчунин вазъи 40 ҳазор гегтар аз заминҳои зироатии Тоҷикистон нигаронкунандааст ва агар тадбирҳои фаврӣ андешида нашавад ин заминҳо низ ғайри қобили истифода хоҳад шуд.

Вай иллати аслии ғайри қобили истифода шудани ин заминҳоро тахриби шабакаҳои обёрӣ, боло омадани обҳои зерзаминӣ ва шур шудани таркиби хок донист ва афзуд, барои кишти дубораи ин заминҳо ба сармоягузории калони молӣ ниёз аст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии мудирияти замини Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ховалинг, Роғун, Рашт, Варзоб, Файзобод, Нуробод, Муъминобод ва Теймурмалик 36 то 90 дарсад мазрааҳои обӣ ба дейм табдил шудааст.

Хоҷазода масоҳати умумии заминҳои таҳти кишт дар Тоҷикистонро 734 ҳазор гегтар эълом кард, ки ҳамакнун танҳо наздик ба 32 дарсади ин заминҳо кишт мешавад.

Раиси Кумитаи давлатии мудирияти замини Тоҷикистон бо таъкид бар ҷазби сармояи хориҷӣ ва имконоти бахши хусусии дохилӣ барои эҳёи заминҳои кишоварзӣ гуфт, ба ин манзур 6 тарҳи обёрии заминҳои нав бо эътибори 166 миллион доллар ва кумаки молии Бонки рушди исломӣ дар ҳоли иҷрост.

Барчасп