Август 11, 2019 20:06 Asia/Dushanbe
  • Конфедератсияи футболи Осиё (КФО): Тоҷикистон ҷои Эронро гирифт

Дар рӯзи дуввуми бозиҳои Конфедератсияи футбол (КФО) дар радаи синнии ҷоавонон тими мизбон, яъне Тоҷикистон бо пирӯзии пургол дар баробари ҳариф ҷои Эронро дар садри ҷадвал гирифт.

Дар рӯзи дуввуми бозиҳо Эрон бо қуръаи истироҳат рӯбарӯ шуда буд, ба ин далел, ки 5 тим дар бозиҳо ҳузур доранд ва ҳар рӯз як тим истироҳат хоҳад кард. Дар бозиҳои анҷомшуда дар рӯзи дуввум Тоҷикистон бо натиҷаи 5 - 1 Туркманистонро шикаст дод ва ба далели тафозули голи беҳтар ҷои Эронро дар садри ҷадвал гирифт ва масофи тимҳои Афғонистон ва Узбакистон ҳам бо натиҷаи мусовии ду бар ду хотима ёфт.

Тоҷикҳо, ки радаи синнии навҷавонон қаҳрамон шуда буданд, ба назар мерасад, дар ин бозиҳо ҳам яке аз муддаиёни қаҳрамонӣ ҳастанд бо ин тафовут, ки ин бор ҳарифи ҷиддии ба номи Эрон пеши рӯ доранд. Эрон дар рӯзи аввали бозиҳо Узбакистонро 2-0шикаст дода буд. Тими миллии ҷавонон фардо дар дуввумин бозии худ ба масофи Туркманистон меравад ва ин фурсатро дорад, ки 6 имтиёзӣ шавад.

Натоиҷи бозиҳои рӯзи дуввум:

Туркманистон 1 - Тоҷикистон 5

Афғонистон 2  - Узбакистон 2 

Барчасп