Август 12, 2019 18:47 Asia/Dushanbe
  • Дахолати хориҷӣ дар муноқишаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон

Як коршиноси масоили сиёсӣ дар Қирғизистон омили аслии мушкилоти мавҷуди марзӣ миёни Душанбе ва Бишкекро дахолати тарафи севум донист.

Игор Шустиков, коршиноси сиёсӣ ва раиси Бошгоҳи коршиносони минтақаӣ дар Қирғизистон дар мусоҳиба бо сомонаи таҳлилии “АвруОсиё - коршинос” гуфтааст, раҳбарон ва мардуми ду кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ва Қирғизистон хоҳони поён додан ба муноқишоти марзӣ ҳастанд, аммо авомиле аз берун монеъ мешавад.

Ба гуфтаи Шустиков, афзун бар иродаи раҳбарони Душанбе ва Бишкек, истифода аз дипломатияи мардумӣ метавонад дар ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ таъсиргузор бошад.

Ин коршиноси сиёсӣ ҳамчунин ҳамкории Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъиро, ки ҳар ду кишвар узви он ҳастанд, дар рафъи мушкили марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон зарурӣ медонад.

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ, аз авохири даврони Шӯравӣ то имрӯз хабарсоз буда ва даргириҳо дар ин минтақа даҳҳо кушта ва захмӣ аз ду тараф барҷой гузоштааст.

 

 

 

Барчасп