Паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ҷумҳурии Эрон
Август 12, 2019 19:59 Asia/Dushanbe
Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме иди саиди Қурбонро ба Ҳасани Рӯҳонӣ, ҳамтои эрониаш табрик гуфт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ибрози умедворӣ кард, дар партави арзишҳои асили дини мубини Ислом, аз ҷумла ин иди муқаддас, равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкориҳои созанда байни ду кишвар дар оянда низ дар чорчӯби манофеи ду миллат беш аз пеш рушд ва таҳким ёбад.
Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон хитоб ба Рӯҳонӣ афзуд: “Бо ғанимат шумурдани ин фурсати фараҳбахш, таманно дорам, ки Худованди мутаол ба ҷаноби олӣ саломатӣ ва дар масъулиятатон тавфиқ ва ба мардуми кишвари Шумо амнияту суботи пойдор ва пешрафту рифоҳи рӯзафзун ато фармояд”.
Барчасп