Талоши Тоҷикистон барои коҳиши рушди ҷамъият
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45849-Талоши_Тоҷикистон_барои_коҳиши_рушди_ҷамъият
Ҳукумати Тоҷикистон барномаи вижаеро ба манзури коҳиши рушди ҷамъияти ин кишвар дар солҳои 2019 то 2022 таҳия кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 12, 2019 16:26 Asia/Dushanbe
  • Талоши Тоҷикистон барои коҳиши рушди ҷамъият

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи вижаеро ба манзури коҳиши рушди ҷамъияти ин кишвар дар солҳои 2019 то 2022 таҳия кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷвик”, ҳадаф аз ин барнома, иртиқои дониш ва огоҳии мардум, ташвиқи хонаводаҳо ба доштани фарзанди камтар ва ҷилавгирӣ аз бордории нохостаи занон унвон шудааст.

Коршиносони Вазорати тандурустии Тоҷикистон муътақиданд, ки бо иҷрои ин барнома дар муддати се сол заминаи ҷилавгирӣ аз 450 ҳазор мавриди бордории нохостаи занон дар ин кишвар фароҳам хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун теъдоди миёнаи фарзандон дар хонаводаҳои шаҳрии Тоҷикистон 3 ва дар хонаводаҳои рустоӣ 4 фарзанд аст.

Талоши Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши рушди ҷамъият дар ҳоле аст, ки бисёре аз мардуми Тоҷикистон доштани фарзанди бештарро атои Худованд медонанд ва бо ҳар навъ танзим ва маҳдудсозии зоду валад мухолифат мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки соли 2018 Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон тавсия карда буд, ки барои коҳиши фақр дар ин кишвар барномаи коҳиши рушди ҷамъиятро таҳия ва иҷро кунад.

Аз сӯи дигар, барномаи ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки 17 дарсад аз ҷамъияти Тоҷикистон бо даромади рӯзона камтар аз як доллар ва ниме аз ҷамъияти ин кишвар бо даромади рӯзона як доллару 33 сент зиндагӣ мекунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси меъёрҳои Бонки Ҷаҳонӣ, даромади камтар аз 2 доллар дар ҳар рӯз , ба маънои зистан зери хати фақр аст.

Тоҷикистон бо рушди беш аз ду дарсадии ҷамъият дар ҳар сол, дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд дар радифи нахуст қарор дорад ва ҷамъияти ин ҷумҳурӣ ҳамакнун ба 9 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.