Мақоми тоҷик: Ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон ба замони бештаре ниёз дорад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i45885-Мақоми_тоҷик_Ҳалли_ихтилофоти_марзӣ_бо_Қирғизистон_ба_замони_бештаре_ниёз_дорад
Намояндаи Маҷлиси қонунгузор ва раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки таъини хутути марзӣ бо Қирғизистон дар манотиқи кӯҳистонӣ миёни вилоятҳои Суғд ва Ботканд ба замони бештаре барои музокира ва манобеи молии калон ниёз дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 14, 2019 05:25 Asia/Dushanbe
  • Мақоми тоҷик: Ҳалли ихтилофоти марзӣ бо Қирғизистон ба замони бештаре ниёз дорад

Намояндаи Маҷлиси қонунгузор ва раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мӯътақид аст, ки таъини хутути марзӣ бо Қирғизистон дар манотиқи кӯҳистонӣ миёни вилоятҳои Суғд ва Ботканд ба замони бештаре барои музокира ва манобеи молии калон ниёз дорад.

Ба нақл аз хабаргузории Азия Плюс, Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки дар рустоҳои воқеъ дар маркази ноҳияи Исфара то фармондории Ворух дар дохили қаламрави Қирғизистон, беш аз 60 ҳазор тоҷик ба сар мебаранд.

Вай афзуд: Мушкили аслӣ ин аст, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ озоғ шуд ва касе ба фикри аломатгузории марзи муштарак бо Қирғизистон набуд. Аз ин рӯ дидгоҳи мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи аломатгузории марзи муштараки ду кишвар бар асоси нақшаҳои ҷуғрофиёии даврони Шӯравӣ бо якдигар мутафовит аст ва ҳамин мавзӯъ иллати умдаи ихтилофи феълӣ миёни Душанбе ва Бишкек ба ҳисоб меояд.

Раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон гуфт: Ин кишвар ҳалли оқилонаи ихтилофоти ммарзӣ бо Қирғизистонро дар манотиқи мавриди муноқиша дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд хостор аст.