Август 14, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Ҷаримаи молӣ барои бетаваҷҷӯҳӣ ба дармони сил ва СПИД дар Тоҷикистон

Ислоҳияи ворида бар қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои афроди мубтало ба бемориҳои сил ва СПИД, ки аз дармон худдорӣ кунанд муҷозот дар назар гирифта аст.

Ба нақл аз хабаргузории Tajik Ta, ин ислоҳия, ки пас аз тасвиби Маҷлиси намояндагон ва имзои раисҷумҳури Тоҷикистон ба тозагӣ дар матбуоти ин кишвар мунташир шудааст, ба зудӣ иҷроӣ мешавад.

Дар ин банд аз қонун таъкид шудааст, ки афроди мубталдо ба СПИД вa сил, ки аз бемории худ иттилоъ доранд ва аз рафтан ба марокизи дармонӣ худдорӣ мекунанд, ба пардохти ҷаримаи молӣ ва табобати иҷборӣ маҳкум хоҳанд шуд. Ҷаримаи ин афрод аз 1100 то 1650 сомонӣ таъин шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар Тоҷикистон бар асоси омори расмӣ беш аз 7000 нафар мубтало ба бемории СПИД ва 10000 нафар гирифтори бемории сил ҳастанд.

Барчасп