Август 14, 2019 14:33 Asia/Dushanbe
  • Боздошти яке аз бадномтарин фармондеҳони даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон

Яке аз бадномтарин фармондеҳони даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон, ки муттаҳам ба куштори садҳо нафар аз афроди ғайринизомӣ ва вобастагон ба мухолифони вақт аст, боздошт шудааст.

Ба нақл аз сомонаи Ахбор, Хӯҷа Каримов мулаққаб ба Хӯҷа Командир дирӯз дар шаҳри Дубайи кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб боздошт шуда ва мавзӯи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон дар ҳоли баррасӣ аст. Ин мавзӯъро мақомоти амниятӣ тасдиқ кардаанд.

Хӯҷа Каримов дар солҳои ҷанги дохилӣ ба тарафдорӣ аз ҳукумати кунунии Тоҷикистон гурӯҳи мусаллаҳеро дар минтақаи Ғозӣ Малик дар маркази ин кишвар таъсиси кард ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ӯ ва гурӯҳаш мӯҷиби марги садҳо нафар аз афроди бедифоъ ва вобастагон ба мухолифони вақт шудаанд.

Аз ин лиҳоз ва й яке аз бадномтарин фармондеҳони ҷанги дохилӣ маҳсуб мешавад.

 

 

 

Барчасп